9 Ва онро ба кафҳои дасташ гирифта, равона шуд ва дар роҳ мехӯрд; ва чун ба падару модараш расид, ба онҳо низ дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст.
Эй писарам! Асалро бихӯр, чунки хуб аст, ва шаҳдро, чунки барои коми ту ширин аст;
Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст, ва забони нарм устухонро мешиканад.
Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.
Ва баъд аз муддате, вақте ки ӯ барои гирифтани вай бармегашт, аз роҳ ба каноре рафт, то лошаи шерро бубинад; ва инак, дар лошаи шер тӯдаи занбӯрҳо ва асал буд.
Ва Шоул ба амаки худ гуфт: «Ӯ ба мо хабар дод, ки модахарҳо ёфт шудааст». Вале дар бораи масъалаи подшоҳӣ, ки Самуил гуфта буд, ба вай хабар надод.
Ва рӯзе Йӯнотон ибни Шоул ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони фалиштӣ, ки дар он тараф ҳастанд, убур намоем». Валекин ба падари худ хабар надод.