Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва баъд аз муддате, вақте ки ӯ барои гирифтани вай бармегашт, аз роҳ ба каноре рафт, то лошаи шерро бубинад; ва инак, дар лошаи шер тӯдаи занбӯрҳо ва асал буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:8
5 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».


Агар асал ёфтӣ, ба қадри кофӣ бихӯр: мабодо аз ҳад зиёд аз он сер шуда, қай кунӣ.


Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;


Ва фурӯд омада, бо он зан гуфтугӯ кард, ва вай дар чашми ӯ писанд омад.


Ва онро ба кафҳои дасташ гирифта, равона шуд ва дар роҳ мехӯрд; ва чун ба падару модараш расид, ба онҳо низ дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan