Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Ва Шимшӯн гуфт: «Бигзор ҷони ман бо фалиштиён бимирад!» Ва бо тамоми қувваташ фишор дод, ва хона бар сарварон ва бар тамоми қавме ки дар он буданд, фурӯ рафт; ва мурдагоне ки ӯ дар мамоти худ кушт, аз мурдагоне ки дар ҳаёти худ кушта буд, бештар буданд.
Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.