Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва Шимшӯн бо падару модари худ ба Тимно фурӯд омад; ва ҳангоме ки ба токзори Тимно расиданд, инак, шери ҷавоне ба пешвози ӯ наъра зад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:5
10 Iomraidhean Croise  

Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корнамоиҳои зиёде кардааст; ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд, ва ӯ фурӯд омада, шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.


Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корҳои бузурге карда буд; ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд, ва ӯ фурӯд омада, шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.


Одил мисли нахл хоҳад шукуфт, мисли арзи Лубнон нашъунамо хоҳад ёфт.


Шерони ҷавон бар вай наъра зада, овози худро баланд карданд, ва замини онро ба биёбон табдил доданд; шаҳрҳои он сӯхта, ғайримаскун шудааст.


Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,


Ва сарҳад аз Баал ба самти ғарб сӯи кӯҳи Сеир мегашт, ва аз тарафи шимол сӯи барҷастагии кӯҳи Еорим, ки Касолӯн бошад, мегузашт, ва сӯи Байт‐Шемеш фурӯд омада, аз Тимно мегузашт.


Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад;


Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.


Ман аз ақиби он берун омада, онро мекуштам ва аз даҳонаш раҳо мекардам, ва агар он ба ман ҳуҷум меовард, ман мӯи жӯлидаашро дошта, онро мезадам ва мекуштам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan