Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:4
14 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худованд насиб шуда буд, то каломеро, ки Худованд ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.


Худованд чунин мегӯяд: „Набароед ва бо бародарони худ, банӣ‐Исроил, ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст“». Ва онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва бар тибқи каломи Худованд гашта рафтанд.


Ҳанӯз бо онҳо сухан меронд, ва инак, қосид назди ӯ фурӯд омад ва гуфт: «Инак, ин мусибат аз ҷониби Худованд аст! Чӣ гуна боз ба Худованд таваккал кунам?»


Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо насиб шуда буд, то ки Худованд каломи Худро, ки ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.


Ва ҳалокати Аҳазьёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Нимшӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд.


Вале Амасьё гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо буд, то ки онҳоро ба дасти душман бисупорад, чунки худоёни Адӯмро ҷӯё шуда буданд.


Ба Худованд чӣ подош диҳам барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст?


Нозирон ва ҳокимон баҳона меҷустанд, то ки аз ҷиҳати идораи мамлакат айбе ба гардани Дониёл бор кунанд, вале ҳеҷ айбе ва фасоде натавонистанд пайдо кунанд, зеро ки ӯ амин буд, ва ҳеҷ хато ва фасоде дар ӯ ёфт нашуд.


Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.


Зеро аз ҷониби Худованд буд, ки дили онҳоро сахт кунад, то ки онҳо Исроилро бо ҷанг пешвоз гирифта, худашон несту нобуд шаванд, бе он ки нисбат ба онҳо шафқат нишон дода шавад, балки онҳоро тамоман маҳв созанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.


Ва Шимшӯн бо падару модари худ ба Тимно фурӯд омад; ва ҳангоме ки ба токзори Тимно расиданд, инак, шери ҷавоне ба пешвози ӯ наъра зад.


Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».


Вале Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ман акнун пеши фалиштиён аз гуноҳ фориғ хоҳам буд, агар ба онҳо бадӣ бикунам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan