20 Ва зани Шимшӯн ба рафиқе ки ёри ӯ шуда буд, расид.
Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман! Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам, шароби худро бо шири худ нӯшидам. Эй ёрон, бихӯред! Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!
Ва ҳар яке ёри худро фиреб медиҳанд, ва сухани рост намегӯянд: забони худро ба дурӯғгӯӣ одат кунондаанд, то ба дараҷаи хастагӣ каҷравӣ менамоянд.
Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед; дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо.
Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: „Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст“.
Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;
Ва падари вай гуфт: «Ман гумон кардам, ки ту аз вай нафрат дорӣ, бинобар ин варо ба ёри ту додам; инак, хоҳари вай, ки аз вай хушрӯйтар аст, бигзор барои ту дар ивази вай бошад».
Ва фалиштиён гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?» Ва гуфтанд: «Шимшӯн, домоди он сокини Тимно, ки зани ӯро гирифта, ба ёри ӯ дода буд». Ва фалиштиён омада, он занро бо якҷоягии падараш ба оташ сӯзониданд.
Вале вақте ки духтари Шоул Мераб мебоист ба Довуд дода мешуд, вай ба Адриили меҳӯлотӣ ба занӣ дода шуд.