Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фурӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:19
9 Iomraidhean Croise  

Ва банӣ‐Яҳудо Ғаззаро бо навоҳии он, ва Ашқалӯнро бо навоҳии он, ва Эқрӯнро бо навоҳии он гирифтанд.


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва дар рӯзи ҳафтум, пеш аз ғуруби офтоб, мардуми он шаҳр ба ӯ гуфтанд: «Чист ширинтар аз асал, ва чист зӯровартар аз шер?» Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Агар бо ғуноҷини ман шудгор намекардед, ҳалли муаммои маро намеёфтед».


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.


Вақте ки ӯ ба Леҳӣ расид, фалиштиён ба пешвози ӯ ғавғо бардоштанд. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, танобҳое ки бар бозуҳояш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид, ва бандҳо аз дастҳояш фуромад.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад.


Ва ин аст обилаҳои тилло, ки фалиштиён ҳамчун қурбонии ҷурм барои Худованд оварда буданд: барои Ашдӯд якто, барои Ғазза якто, барои Ашқалӯн якто, барои Ҷат якто, барои Эқрӯн якто.


Гуфтанд: «Чӣ гуна қурбонии ҷурм мо бояд барои Ӯ биёрем?» Онҳо гуфтанд: «Мувофиқи шумораи сарварони фалиштиён, панҷ обилаи тилло ва панҷ муши тилло биёред, зеро ки бар ҳамаи шумо ва бар сарварони шумо ҳамон як вабост.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan