Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва зани Шимшӯн пеши ӯ гирья карда, гуфт: «Яқин аст, ки ту аз ман нафрат дорӣ ва маро дӯст намедорӣ; ба писарони қавми ман муаммое гуфтаӣ, вале ҳалли онро ба ман маълум накардаӣ». Ва ӯ ба вай гуфт: «Инак, ба падару модари худ онро маълум накардаам, оё ба ту маълум кунам?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:16
4 Iomraidhean Croise  

Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.


Ва ҳафт рӯзе ки базми онҳо давом мекард, вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.


Вай ба ӯ гуфт: «Чӣ гуна ту мегӯӣ: „Ман туро дӯст медорам“, ва ҳол он ки дили ту бо ман нест? Инак, се дафъа ту маро тамасхур кардӣ ва ба ман маълум нанамудӣ, ки қуввати бузурги ту дар чист».


Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan