Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Аз хӯранда хӯрок берун омад, ва аз зӯровар ширинӣ берун омад». Ва онҳо дар се рӯз натавонистанд муамморо ҳал кунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:14
20 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».


Ва зоғон барои ӯ нону гӯшт дар субҳ, ва нону гӯшт дар шом меоварданд, ва аз наҳр ӯ менӯшид.


Ва назди Еҳӯшофот омаданд ва хабар дода, гуфтанд: «Анбӯҳи бузурге аз он тарафи баҳр, аз Арам ба муқобили ту меоянд, ва инак, онҳо ба Ҳасасӯн‐Томор, ки ҳамон Айн‐Ҷадӣ бошад, расидаанд».


Ва Еҳӯшофот бо қавми худ барои гирифтани ғанимати онҳо омад, ва назди онҳо молу мулк ва сару либос ва чизҳои гаронбаҳои зиёде ёфтанд, ва барои худ он қадар гирифтанд, ки ёрои бардошта бурдан надоштанд, ва се рӯз онҳо ғаниматро мегирифтанд, зеро ки бағоят бисьёр буд.


Ҳикмат барои беақл аз ҳад зиёд баланд аст: назди дарвоза ӯ даҳони худро намекушояд.


Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;


Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинишинад.


Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.


Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,


Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.


Вале агар онро барои ман натавонед ҳал намоед, шумо бояд сӣ ҷомаи катон ва сӣ даста либос ба ман бидиҳед». Ба ӯ гуфтанд: «Муаммои худро бигӯй, то ки онро бишнавем».


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи ҳафтум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Шавҳаратро розӣ намо, то ки ҳалли муамморо ба мо бигӯяд, мабодо туро ва хонаи падаратро оташ дода, бисӯзонем: магар моро барои он таклиф намудаед, ки моро тороҷ кунед?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan