Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:12
22 Iomraidhean Croise  

Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньёмин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.


Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро оид ба исми Худованд шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо имтиҳон кунад.


Ва ӯ гуфт: «Оғоям маро фиристода, гуфт: „Инак, алҳол аз кӯҳи Эфроим ду ҷавон, аз банӣ‐анбиё, назди ман омаданд; лутфан, барои онҳо як киккар нуқра ва ду даста либос бидеҳ“».


Ва подшоҳи Арам гуфт: «Биё, бирав, ва ман ба подшоҳи Исроил мактуб мефиристам». Ва ӯ рафта даҳ киккар нуқра ва шаш ҳазор сиқл тилло ва даҳ даста либос ба дасти худ гирифт.


Ва Сулаймон дар он вақт ҳафт рӯз ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бағоят бузург аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср ҷамъ омада буданд;


Аз боло осмон ва заминро мехонад, то ки қавми Худро доварӣ намояд:


То ки масал ва гуфтори кинояомезро, суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.


Вай яктакҳои катон дӯхта мефурӯшад, ва камарбандҳо ба тоҷирон медиҳад.


«Эй писари одам! Муаммое бигӯй ва масале дар бораи хонадони Исроил бизан,


Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Онҳо дар ҳаққи ман мегӯянд: „Оё ӯ бо масалҳо ҳарф мезанад?“»


Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд;


Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,


Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд;


Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;


Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:


Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Инак акнун кушоду равшан сухан мегӯӣ, на бо масалҳо;


Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.


Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.


Ва чун ӯро диданд, сӣ нафар ёронро баргузиданд, то ки бо ӯ бошанд.


Вале агар онро барои ман натавонед ҳал намоед, шумо бояд сӣ ҷомаи катон ва сӣ даста либос ба ман бидиҳед». Ба ӯ гуфтанд: «Муаммои худро бигӯй, то ки онро бишнавем».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan