Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 14:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва чун ӯро диданд, сӣ нафар ёронро баргузиданд, то ки бо ӯ бошанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 14:11
8 Iomraidhean Croise  

Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад? Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.


Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман! Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам, шароби худро бо шири худ нӯшидам. Эй ёрон, бихӯред! Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!


Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт.


Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;


Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.


Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;


Ва онҳо давида, ӯро аз он ҷо гирифтанд, ва ӯ дар миёни қавм биистод, ва аз тамоми қавм як сару гардан баланд буд.


Ва ҳангоме ки онҳо омаданд, ӯ Элиобро дида, дар дили худ гуфт: «Яқинан, масеҳи Худованд ба ҳузури ӯст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan