9 Ва Худо овози Монӯаҳро шунид, ва фариштаи Худо боз назди зан омад, дар сурате ки вай дар саҳро нишаста буд, вале шавҳараш Монӯаҳ бо вай набуд.
Ҷалоли исми Ӯро бисароед; ҳамду санои Ӯро ҷалол диҳед.
Ва зан зуд давида, ба шавҳараш хабар дод, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бар ман он мард зоҳир шуд, ки он рӯз назди ман омада буд».
Ва Монӯаҳ пеши Худованд зорию илтиҷо карда, гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фиристодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем».