Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 13:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ва Монӯаҳ ба занаш гуфт: «Мо яқинан хоҳем мурд, зеро ки Худоро дидем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 13:22
11 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.


Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд.


Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад.


Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.


Ва Ӯ гуфт: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад».


Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст».


Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.


Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед,


То ки халқҳои аз ту бузургтар ва азимтарро аз пеши ту бадар ронад, ва туро дохил карда, замини онҳоро ба ту ҳамчун мулк бидиҳад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.


Зеро кист аз тамоми башар, ки овози Худои Ҳайро, ки аз миёни оташ сухан рондааст, мисли мо бишнавад, — ва зинда бимонад?


Ва Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Худованд аст, ва Ҷидъӯн гуфт: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan