21 Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ ва занаш дигар аён нашуд; он гоҳ Монӯаҳ донист, ки вай фариштаи Худованд будааст.
Вале фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Ҳарчанд маро нигоҳ дорӣ, аз нони ту нахоҳам хӯрд; ва агар бихоҳӣ қурбонии сӯхтанӣ оварӣ, онро барои Худованд биёр». Зеро Монӯаҳ намедонист, ки вай фариштаи Худованд аст.
Ва Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Худованд аст, ва Ҷидъӯн гуфт: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам».