20 Ва ҳангоме ки аланга аз қурбонгоҳ сӯи осмон баромад, фариштаи Худованд дар он алангаи қурбонгоҳ сууд намуд; ва Монӯаҳ ва занаш инро дида, рӯй ба замин афтоданд.
Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд.
Ва Довуд чашмонашро боло карда, фариштаи Худовандро дид, ки дар миёни замин ва осмон истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ бар Ерусалим дароз карда шудааст; ва Довуд ва пироне ки палос дар бар доштанд, бар рӯи худ афтоданд.
Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ тақдим намуд, ва сӯи Худованд хонд, ва Ӯ варо иҷобат намуда, бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ оташе аз осмон фиристод.
Ва дар фалаке ки бар сари онҳо буд, сурати тахте дида мешуд, ки намуди санги ёқути кабудро дошт; ва бар сурати тахт сурате мисли намуди одамизод бар болои он буд.
Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.
Ва Ҷидъӯн рафта, таом аз гӯшти бузғола ва фатир аз як эфа орд тайёр кард, гӯштро дар сабад ва шӯрборо дар коса андохт, ва зери дарахти писта оварда, пеши Ӯ монд.
Ва фариштаи Худованд нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, ба гӯшт ва фатирҳо расонид; ва оташе аз сахра баромада, гӯшт ва фатирҳоро фурӯ бурд; ва фариштаи Худованд аз пеши назари ӯ нопадид шуд.