2 Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.
Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Равқо ҳомила шуд.
Дон қавми худро доварӣ кунад, мисли яке аз сибтҳои Исроил.
Ва оилаҳои Қирьят‐Еорим: йитриён ва футиён, шумотиён ва мишроиён, ки аз онҳо соръотиён ва эштоулиён ба вуҷуд омадаанд.
Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.
Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,
Ва сарҳади мулки онҳо чунин буд: Соръо, Эштоӯл ва Ир‐Шемеш,
Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;