Ва левизодагон — Ешуа, ва Қадмиил, ва Бонӣ, ва Ҳашабниё, ва Шарабьё, ва Ҳудиё, ва Шабаньё, ва Фатаҳьё — гуфтанд: «Бархезед ва Худованд Худои худро аз азал то абад муборак бихонед! Ва исми ҷалоли Туро, ки аз тамоми баракот ва ҳамду сано болотар аст, муборак хоҳанд хонд!