17 Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Номи ту чист? Вақте ки суханат ба амал ояд, туро иззату икром намоем».
Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Чаро номи маро мепурсӣ? Он муаммост».