Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 13:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 13:14
10 Iomraidhean Croise  

Вале онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро ки падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб ба мо амр фармуда, гуфтааст: „Шумо ва писарони шумо то абад шароб нанӯшед,


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар марде ё зане назри назирӣ кунад, то ки назирӣ Худованд бошад,


Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.


Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».


Ҳар он чи ман ба шумо амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда онро ба амал оваред; чизе бар он илова нанамоед ва чизе аз он кам накунед.


Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.


Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.


Ва ӯ ба ман гуфт: „Инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид; ва алҳол май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр, зеро ки он кӯдак аз батни модар то рӯзи мамоташ барои Худо мумтоз хоҳад буд“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan