10 Ва зан зуд давида, ба шавҳараш хабар дод, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бар ман он мард зоҳир шуд, ки он рӯз назди ман омада буд».
Ва он зан омада, ба шавҳари худ гуфт: «Марди Худо назди ман омад, ва намудаш мисли намуди фариштаи Худо бағоят саҳмгин буд; ва ман аз ӯ напурсидам, ки ӯ аз куҷост, ва ӯ номи худро ба ман нагуфт.
Ва Худо овози Монӯаҳро шунид, ва фариштаи Худо боз назди зан омад, дар сурате ки вай дар саҳро нишаста буд, вале шавҳараш Монӯаҳ бо вай набуд.