Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 13:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 13:1
16 Iomraidhean Croise  

Оё ҳабашӣ метавонад пӯсти худро дигаргун созад, ва паланг — доғҳои худро? Ончунон шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед, оё метавонед кори нек бикунед?


Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:


Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.


Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.


Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.


Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».


Ва ӯ бар Исроил дар айёми фалиштиён бист сол доварӣ намуд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд;


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Ва баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.


Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.


Қавӣ бошед ва мардвор рафтор кунед, эй фалиштиён! Мабодо ба ибриён бандагӣ кунед, чунон ки онҳо ба шумо бандагӣ мекарданд! Мардвор рафтор намуда, ҳарбу зарб кунед!»


Ва фалиштиён мағлуб гардиданд, ва дигар ба ҳудуди Исроил надаромаданд; ва дар тамоми айёми Самуил дасти Худованд бар фалиштиён боло буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan