9 Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Занат мисли токи борвар андаруни хонаи туст, фарзандонат мисли ниҳолҳои зайтун дар гирди суфраи ту.
Занон гирифта, писарон ва духтарон ба дуньё оваред, ва занон барои писарони худ бигиред, ва духтарони худро ба шавҳар бидиҳед, то ки писарон ва духтарон ба дуньё оваранд; ва дар он ҷо биафзоед ва кам нашавед.
Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешуданд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд, ки дар замини Ҷилъод воқеанд.
Ва Ибсон вафот ёфта, дар Байт‐Лаҳм дафн карда шуд.
Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд.