Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 12:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: „Шиббӯлет“», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст талаффуз намояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Урдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 12:6
12 Iomraidhean Croise  

Худоё! Маро халосӣ деҳ; Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун.


Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст: пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.


Бародари ранҷида аз шаҳри мустаҳкам устувортар аст, ва ситезаҳо ба ғалақаҳои қаср монанд аст.


Суханони даҳони хирадманд хуш аст, вале лабҳои аблаҳ худи ӯро фурӯ мебарад.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд аз соҳили наҳр то водии Миср хӯшаҳоро хоҳад кӯфт, ва шумо, эй банӣ‐Исроил, якто‐якто ҷамъ карда хоҳед шуд.


Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.


Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошӣ, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».


Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст».


Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.


Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».


Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan