Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 12:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд, чунки гуфта буданд: «Эй аҳли Ҷилъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва андаруни Менашше ҳастед».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 12:4
11 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».


«Бишнав, эй Худои мо, зеро ки мо хорузор шудаем, ва таҳқирҳои онҳоро ба сари худашон баргардон, ва онҳоро дар замини асирӣ гирифтори тороҷ намо!


Эй Худои наҷоти мо, ба хотири ҷалоли исми Худ ба мо мадад расон ва моро халосӣ деҳ, ва ба хотири исми Худ хатоҳои моро кафорат намо.


Гуноҳи лабҳо барои бадкеш дом аст, вале одил аз тангӣ берун меояд.


Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад.


Ва пирони Ҷилъод ба Йифтоҳ гуфтанд: «Худованд дар миёни мо шоҳид бошад, ки мо яқинан мувофиқи сухани ту амал хоҳем кард».


Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузаштам, ва Худованд онҳоро ба дасти ман супурд; пас чаро шумо имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?»


Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».


Ва Нобол ба навкарони Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Довуд кист, ва писари Йисой кист? Имрӯз ғуломони зиёде ҳастанд, ки ҳар яке аз пеши оғоёни худ гурехта рафтаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan