15 Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.
Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
Баноёҳуи фиръотӯнӣ; Ҳиддой, аз мулки Ҷоаш;
Ва Амолеқ омада, дар Рафидим бо Исроил ҷанг кард.
Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Исроил доварӣ намуд.
Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.
Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.
Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.
Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.
Ва Шоул Амолеқро аз Ҳавило то роҳи самти Шур, ки пеш аз Миср аст, торумор намуд.