7 Ва Йифтоҳ ба пирони Ҷилъод гуфт: «Шумо, охир, аз ман нафрат доштед, ва маро аз хонаи падарам бадар рондед; ва чаро акнун, дар вақти тангии худ, назди ман омадаед?»
Ва Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро назди ман омадед, дар сурате ки бо ман адоват карда ва маро аз назди худ ронда будед?»
Биёед, ӯро ба исмоилиён бифрӯшем, ва дасти мо бар ӯ набошад; зеро ки ӯ бародар ва гӯшти мост». Бародаронаш гапи ӯро гӯш карданд.
Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.
Ва писарони онҳое ки туро ба танг меоварданд, сар фурӯд оварда, назди ту хоҳанд омад, ва ҳамаи онҳое ки аз ту нафрат доштанд, ба кафи пойҳои ту саҷда хоҳанд кард, ва туро шаҳри Худованд, Сиони Қуддуси Исроил хоҳанд номид.
Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, — инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дӯст доштаам:
Ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Биё ва саркардаи мо бош, то ки бо банӣ‐Аммӯн ҷанг кунем».