Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:36 - Китоби Муқаддас 1992 1999

36 Вай ба ӯ гуфт: «Эй падарам! Ту даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаӣ, пас чунон ки аз даҳонат берун омадааст, бо ман амал намо, дар сурате ки Худованд барои ту аз душманонат, аз банӣ‐Аммӯн интиқом гирифтааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:36
10 Iomraidhean Croise  

Ва Аҳимаас ибни Содӯқ гуфт: «Изн бидеҳ, ки биравам ва мужда ба подшоҳ бирасонам, ки Худованд доварӣ намуда, ӯро аз дасти душманонаш халосӣ додааст».


Ва инак, Кушӣ омад. Ва Кушӣ гуфт: «Оғоям подшоҳ ин муждаро қабул фармояд, ки Худованд имрӯз доварӣ намуда, туро аз дасти ҳамаи онҳое ки бар зидди ту қиём карда буданд, раҳоӣ додааст».


Ва Мефибӯшет ба подшоҳ гуфт: «Бигзор вай ҳамаашро гирад, модом ки оғоям подшоҳ ба саломатӣ ба хонаи худ баргаштааст».


Ва Мусо ба сардорони сибтҳои банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст:


Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.


Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам».


Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.


Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.


Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, ва аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва андаруни водӣ ва нисфи Ҷилъод то водии Яббӯқ, ки дар сарҳади банӣ‐Аммӯн аст, салтанат меронд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan