Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:35 - Китоби Муқаддас 1992 1999

35 Ва ҳамин ки ӯ варо дид, либоси худро дарронида, гуфт: «Оҳ, духтарам! Ту маро дар залолат андохтӣ ва яке аз ғамоварони ман гаштӣ: ман даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаам, ва наметавонам баргардам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:35
19 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ ба изтироб омад ва ба ҳуҷраи болои дарвоза баромада, гирья кард; ва ҳангоми қадам заданаш чунин мегуфт: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!»


Ва Довуд ба Юоб ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Либоси худро дарронида ва палос пӯшида, барои Абнир навҳа намоед». Ва подшоҳ Довуд аз ақиби тобут равона шуд.


Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро чок зад, ва мӯйсари худро гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.


Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.


Ва Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне, аз миёни онҳое ки заминро ҷосусӣ карда буданд, либосҳои худро даррониданд,


Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;


Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan