Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:34 - Китоби Муқаддас 1992 1999

34 Ва Йифтоҳ ба Мисфо ба хонаи худ омад, ва инак, духтараш ба пешвози ӯ бо дойра ва рақс берун омад; вай фарзанди ягонаи ӯ буд; ғайр аз вай ӯ писаре ё духтаре надошт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:34
18 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд бо тамоми қувваташ ба ҳузури Худованд мерақсид, ва Довуд эфӯди катон дар бар карда буд.


Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед; Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед.


Хашми Худро бар онҳо бирез, ва ғазаби Ту бигзор онҳоро дарьёбад.


Ва Марьями набия, хоҳари Ҳорун, дафро ба дасти худ гирифт, ва ҳамаи занон аз қафои вай дафзанон ва рақскунон берун омаданд.


Он гоҳ бокира дар дастаи раққосон шодӣ хоҳад кард, ва ҷавонон ва пирон — бо якҷоягӣ; ва Ман мотами онҳоро ба шодмонӣ табдил хоҳам дод, ва онҳоро аз кулфате ки кашидаанд, тасаллӣ дода, шод хоҳам гардонид.


Боз туро, эй бокираи Исроил, бино хоҳам кард, ва ту бино хоҳӣ ёфт; боз бо дафҳои худ зинат ёфта, бо дастаи раққасони шодком берун хоҳӣ омад;


Ва бар хонадони Довуд ва бар сокинони Ерусалим рӯҳи марҳамат ва риққатро фурӯ хоҳам рехт, ва онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт, ва мисли он ки барои писари ягона навҳа мекунанд, барои Ӯ навҳа хоҳанд кард, ва мисли он ки барои нахустзода мотам мегиранд, барои Ӯ мотам хоҳанд гирифт.


Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.


Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.


Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт: «Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст:


Мисфо, Кефиро ва Мӯссо,


Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.


Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.


Ва тамоми банӣ‐Исроил берун омаданд, ва ҷамоат мисли як тан, аз Дон то Беэр‐Шобаъ ва замини Ҷилъод, ба ҳузури Худованд дар Мисфо ҷамъ шуданд.


Ва чун дидед, ки инак, духтарони Шилӯ барои рақсидан ба майдони рақсу суруд баромадаанд, шумо аз токзорҳо берун омада, ҳар яке барои худ аз духтарони Шилӯ зане бирабоед ва ба замини Биньёмин биравед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan