33 Ва ӯ ба онҳо аз Арӯэр то даромадгоҳи Минит, ки бист шаҳр воқеъ буд, ва то Обил‐Каромим шикасти бағоят бузурге расонид; ва банӣ‐Аммӯн пеши банӣ‐Исроил сар фуроварданд.
Ва подшоҳи Исроил берун омада, аспон ва аробаҳоро зарба зад, ва ба Арам шикасти азиме расонид.
Яҳудо ва замини Исроил бо ту тиҷорат мекарданд; дар ивази молҳоят гандуми Минит ва ҳалво ва асал ва равған ва баласон медоданд.
Ва банӣ‐Ҷод Дибӯн, ва Аторӯт, ва Арӯэр,
Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, ва шаҳре ки дар водӣ воқеъ аст, то Ҷилъод ҳеҷ шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз мо зӯртар бошад; Худованд Худои мо ҳамаро ба дасти мо супурд.
Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд.