Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:32 - Китоби Муқаддас 1992 1999

32 Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:32
6 Iomraidhean Croise  

Вақте ки банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуданд, Худованд канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.


Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард».


Ва ӯ ба онҳо аз Арӯэр то даромадгоҳи Минит, ки бист шаҳр воқеъ буд, ва то Обил‐Каромим шикасти бағоят бузурге расонид; ва банӣ‐Аммӯн пеши банӣ‐Исроил сар фуроварданд.


Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.


Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan