30 Ва Йифтоҳ барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар Ту банӣ‐Аммӯнро ба дасти ман таслим намоӣ,
Ва Яъқуб назр карда, гуфт: «Агар Худо бо ман бошад, ва маро дар ин роҳ, ки меравам, муҳофизат намояд, ва ба ман нон барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан диҳад,
Ва Исроил барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар ин қавмро ба дасти ман бисупорӣ, шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор хоҳам кард».
Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт.
Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард».
Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».