Ва банӣ‐Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафратангез гардиданд; ва банӣ‐Аммӯн фиристода, аз арамиёни Байт‐Раҳӯб ва аз арамиёни Сӯбо бист ҳазор пиёда, ва подшоҳи Маъкоро бо ҳазор нафар, ва аз мардони Туб дувоздаҳ ҳазор нафар киро карданд.
Ва банӣ‐Аммӯн берун омада, дар даҳани дарвоза барои ҷанг саф кашиданд; ва арамиёни Сӯбо ва Раҳӯб ва мардони Туб ва Маъко дар саҳро алоҳида мавқеъ гирифтанд.
Ва ҳар кӣ дар аҳволи танг буд, ва ҳар кӣ қарзхоҳе дошт, ва ҳар кӣ талхайш буд, назди ӯ ҷамъ шуданд, ва ӯ саркардаи онҳо гардид; ва тақрибан чорсад нафар бо ӯ буданд.