Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:29 - Китоби Муқаддас 1992 1999

29 Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:29
14 Iomraidhean Croise  

Ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.


Ва рӯҳе Амосайро, ки сардори фармондеҳон буд, фаро гирифта, ӯ гуфт: «Аз они ту ҳастем, эй Довуд! Ва бо ту хоҳем буд, эй писари Йисой! Саломатӣ, саломатӣ бар ту бод, ва саломатӣ бар ёварони ту бод, зеро ки Худои ту мададгори туст». Ва Довуд онҳоро қабул карда, дар миёни сардорони фавҷи худ гузошт.


Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.


Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.


Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.


Валекин подшоҳи банӣ‐Аммӯн ба суханони Йифтоҳ, ки назди ӯ фиристода буд, гӯш накард.


Ва Йифтоҳ барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар Ту банӣ‐Аммӯнро ба дасти ман таслим намоӣ,


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Ва Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт; ва ӯ шох навохт, ва аҳли Абиэзер дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд.


Ва ҳангоме ки онҳо ба тал расиданд, инак дастаи анбиё ба пешвози ӯ пайдо шуданд; ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуд, ва ӯ дар миёни онҳо нубувват намуд.


Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад.


Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan