Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:27 - Китоби Муқаддас 1992 1999

27 Ман пеши ту гуноҳе накардаам, вале ту ба ман бадӣ карда, бо ҷанг ба сари ман омадаӣ; пас бигзор Худованди Довар имрӯз дар миёни банӣ‐Исроил ва банӣ‐Аммӯн доварӣ намояд!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:27
27 Iomraidhean Croise  

Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».


Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»


Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.


Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».


Он гоҳ росткор ба Ӯ исбот мекард, ва ман аз дасти Довари худ ба сурати абадӣ раҳоӣ меёфтам.


Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам, балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард.


Ба Ту ва танҳо ба Ту хато кардаам, ва пеши назари Ту бадӣ кардаам, бинобар ин Ту дар ҳукми Худ барҳақ ҳастӣ ва дар доварии Худ пок.


Сипари ман дар Худост, ки Ӯ наҷотдиҳандаи ростдилон аст.


Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб, ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.


Ҷабол ва Аммӯн ва Амолеқ; замини Фалиштӣ бо сокинони Сӯр;


Пеши Ӯ бо шукрона ҳозир шавем, дар шаъни Ӯ бо сурудҳо бонги шодӣ занем.


Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба кӯҳи муқаддаси Ӯ саҷда кунед! — Зеро ки Худованд Худои мо Қуддус аст.


Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.


Зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад.


Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад!


Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.


Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд.


Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд,


Валекин подшоҳи банӣ‐Аммӯн ба суханони Йифтоҳ, ки назди ӯ фиристода буд, гӯш накард.


Онҳое ки ба Худованд зиддият нишон медиҳанд, несту нобуд мешаванд: бар онҳо Ӯ аз осмон раъду барқ мефиристад. Худованд ақсои заминро доварӣ менамояд, ва ба подшоҳи Худ қувват мебахшад, ва шохи масеҳи Худро баланд мебардорад».


Ва бингар, эй падарам, ва домани ҷомаи худро дар дасти ман бубин: модоме ки домани ҷомаи туро буридаам, вале туро накуштаам, бидон ва яқин бидор, ки бадӣ ва ҷинояте дар дасти ман нест, ва ман дар ҳаққи ту гуноҳе накардаам, ва ҳол он ки ту камин мегузорӣ, то ки ҷони маро бигирӣ.


Бигзор Худованд дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва бигзор Худованд интиқоми маро аз ту бигирад, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.


Ба муқобили кист, ки подшоҳи Исроил берун омадааст? Таъқиботи ту ба муқобили кист? Ба муқобили саги мурдаест, ба муқобили як кайкест.


Пас бигзор Худованд довар бошад, ва дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва даъвои маро бубинад ва бисанҷад, ва маро аз дасти ту бираҳонад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan