Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:24 - Китоби Муқаддас 1992 1999

24 Ту, охир, он чиро, ки худоят Камуш барои тасарруфи ту додааст, тасарруф намо; вале ҳар киро, ки Худованд Худои мо аз пеши мо бадар рондааст, замини варо мо тасарруф хоҳем кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:24
16 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Сулаймон бар кӯҳе ки рӯ ба рӯи Ерусалим аст, ибодатгоҳе барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Мӯлик, бути зишти банӣ‐Аммӯн, бино кард.


Дилам аз ҳиссиёти хубе ба ҷӯш омадааст; ман мегӯям: сурудам ба подшоҳ бахшида шудааст; забонам қалами котиби тезнавис аст.


Ва Мӯоб аз боиси Камӯш хиҷил хоҳад шуд, чунон ки хонадони Исроил аз боиси Байт‐Ил, ки пушту паноҳашон буд, хиҷил шудаанд.


Вой бар ту, эй Мӯоб! Қавми Камӯш талаф шудаанд, зеро ки писарони ту ба асирӣ гирифта шудаанд, ва духтарони ту гирифтори асорат гардидаанд.


Азбаски ту ба аъмоли худ ва ба ганҷҳои худ таваккал кардӣ, ту низ забт хоҳӣ шуд, ва Камӯш бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ хоҳад рафт.


Зеро ки ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд.


Вой бар ҳоли ту, эй Мӯоб! Ба ҳалокат расидед, эй қавми Камуш! Писарони ҳудро гуреза гардонид ва духтарони худро ба Сидӯн, подшоҳи амӯриён, ба асирӣ дод.


Зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст, ва маҳз аз боиси ҳамин корҳои зишт Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад.


Ва Худованд ба Исроил тамоми заминеро, ки қасам хӯрда буд ба падаронашон бидиҳад, дод, ва онҳо онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд.


Ва Ехушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва ябусиёнро аз пеши шумо маҳв хоҳад кард;


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва алҳол Худованд Худои Исроил амӯриёнро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондааст, ва ту мехоҳӣ он заминро тасарруф намоӣ?


Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;


Ва ӯ гуфт: «Инак, дағечат назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт; ту низ аз паси дағечат баргард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan