Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:23 - Китоби Муқаддас 1992 1999

23 Ва алҳол Худованд Худои Исроил амӯриёнро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондааст, ва ту мехоҳӣ он заминро тасарруф намоӣ?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:23
5 Iomraidhean Croise  

Ва ман ба ту қитъаи зиёда аз бародаронат медиҳам, ки онро аз дасти амӯриён бо шамшер ва камони худ гирифтаам».


Инак, онҳо подоши инро ба мо медиҳанд, яъне мехоҳанд, ки омада, моро аз меросе ки ба тасарруфи мо додаӣ, бадар ронанд.


Ва ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун ба самти ғарб буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ‐Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ‐Исроил боқӣ намонд.


Ва тамоми ҳудуди амӯриёнро аз Арнӯн то Яббӯқ, ва аз биёбон то Урдун тасарруф карданд.


Ту, охир, он чиро, ки худоят Камуш барои тасарруфи ту додааст, тасарруф намо; вале ҳар киро, ки Худованд Худои мо аз пеши мо бадар рондааст, замини варо мо тасарруф хоҳем кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan