22 Ва тамоми ҳудуди амӯриёнро аз Арнӯн то Яббӯқ, ва аз биёбон то Урдун тасарруф карданд.
Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, ва шаҳре ки дар водӣ воқеъ аст, то Ҷилъод ҳеҷ шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз мо зӯртар бошад; Худованд Худои мо ҳамаро ба дасти мо супурд.
Фақат ба замини банӣ‐Аммӯн: ба тамоми соҳили наҳри Яббӯқ ва шаҳрҳои кӯҳистон, ва ба ҳар ҷое ки Худованд Худои мо манъ карда буд, ту наздик нашудӣ.
Ва алҳол Худованд Худои Исроил амӯриёнро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондааст, ва ту мехоҳӣ он заминро тасарруф намоӣ?