20 Вале Сиҳӯн ба Исроил эътимод накард, ки аз ҳудуди вай бигзаранд; ва Сиҳӯн тамоми қавми худро ҷамъ овард, ва онҳо дар Яҳас ӯрду заданд; ва ӯ бо Исроил ҳарбу зарб намуд.
Ва мамлакатҳо ва қавмҳоро ба онҳо дода, он қавмҳоро ба ҳар гӯша пароканда намудӣ; ва онҳо замини Сиҳӯн — замини подшоҳи Ҳешбӯн, ва замини Ӯҷ, подшоҳи Бошонро мерос гирифтанд.
Ва Исроил қосидон назди Сиҳӯн подшоҳи амӯриён, подшоҳи Ҳешбӯн фиристоданд, ва Исроил ба вай гуфтанд: „Лутфан, мо аз замини ту ба макони худ бигзарем“.
Ва Худованд Худои Исроил Сиҳӯн ва тамоми қавми варо ба дасти Исроил супурд, ва ба онҳо шикаст расониданд; ва Исроил тамоми замини амӯриёнро, ки дар он замин сокин буданд, тасарруф карданд.