15 То ки ба ӯ бигӯянд: «Йифтоҳ чунин мегӯяд: исроилиён замини Мӯоб ва замини банӣ‐Аммӯнро нагирифтаанд;
Ва алҳол, инак, банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб ва кӯҳи Сеир, ки Ту ба Исроил, вақте ки аз замини Миср меомаданд, иҷозат надодӣ, ки аз кишварҳои онҳо убур намоянд, бинобар ин аз пеши онҳо давр зада гузашта, онҳоро несту нобуд накарданд, —
Ва ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн наздик мешавӣ; ба онҳо адоват нанамо ва бо онҳо ҷидол накун, зеро ки аз замини банӣ‐Аммӯн чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки онро ба тасарруфи банӣ‐Лут додаам“.
Ва Худованд ба ман гуфт: „Бо Мӯоб адоват нанамо ва ба зидди онҳо ҷанг накун, зеро ки аз замини онҳо чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки Орро ба тасарруфи банӣ‐Лут додаам.
Ва Йифтоҳ бори дигар назди подшоҳи банӣ‐Аммӯн қосидон фиристод,
Зеро исроилиён, вақте ки аз Миср берун омаданд, дар биёбон то баҳри Қулзум роҳ гашта, ба Қодеш расиданд;