Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Худованд дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Худованд Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард:
Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Ва ба доварони шумо дар он замон амр фармуда, гуфтам: „Арзу доди бародарони худро бишнавед, ва дар миёни ҳар кас ва бародари вай ва ғарибе ки назди вай бошад, аз рӯи адлу инсоф доварӣ намоед;