Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 11:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Йифтоҳи ҷилъодӣ баҳодури ҷасуре буд; ва ӯ писари зани зинокоре буд; ва Йифтоҳро Ҷилъод ба дуньё оварда буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 11:1
6 Iomraidhean Croise  

Ва Наамон, сардори лашкари подшоҳи Арам, ба ҳузури оғои худ шахси бузург ва мӯҳтарам буд, зеро ки ба воситаи вай Худованд ба Арам ғалаба бахшида буд; ва ин шахс паҳлавони далер, вале махавӣ буд.


Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,


Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд».


Ва зани Ҷилъод писарон барои ӯ зоид; ва ҳангоме ки писарони занаш калон шуданд, Йифтоҳро бадар ронда, ба ӯ гуфтанд: «Ту дар хонаи падари мо мерос нахоҳӣ гирифт, зеро ки ту писари зани дигаре ҳастӣ».


Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»


Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan