8 Ва онҳо банӣ‐Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ‐Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд.
Аз ин рӯ ин гуноҳ барои шумо мисли рахнаи пуртаҳдиде ки дар ҳисори баланд пайдо шуда бошад, хоҳад буд, ки фурӯғалтии он ҳисор баногоҳ, дар як он ба амал хоҳад омад.
Ва банӣ‐Мокир ибни Менашше ба Ҷилъод рафта, онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он буданд, бадар ронданд.
Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.
Ва Ёир вафот ёфта, дар Қомӯн дафн карда шуд.
Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.
Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
Ва дасти Мидьён бар Исроил чунон гарон омад, ки банӣ‐Исроил, барои паноҳ шудан аз Мидьён, барои худ гузаргоҳҳои зерикӯҳӣ, мағораҳо ва истеҳкомҳо сохтанд.