Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 10:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 10:7
15 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.


Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Таронаи Ософ. Суруд.


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Худованд Худои ғаюр ва интиқомгир аст; Худованд интиқомгир ва пурхашм аст; Худованд аз адуёнаш интиқом мегирад, ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.


Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.


Ва онҳо банӣ‐Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ‐Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд.


Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.


Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan