4 Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешуданд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд, ки дар замини Ҷилъод воқеанд.
Ва подшоҳ ба Сибо гуфт: «Ин чизҳои ту барои чист?» Ва Сибо гуфт: «Харҳо барои савор шудани аҳли байти подшоҳ аст, ва нону анҷир барои хӯрдани навкарон, ва шароб барои нӯшидани онҳое ки дар биёбон хаста шудаанд».
Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.
Ва Ёир ибни Менашше рафта, қасабаҳои онҳоро забт кард, ва ба онҳо деҳоти Ёир ном монд.
Ёир ибни Менашше тамоми музофоти Арҷубро то ҳудуди ҷашуриён ва маъхотиён гирифт, ва онҳоро, яъне деҳоти Бошонро, ба номи худаш деҳоти Ёир ном ниҳод, ки то имрӯз чунин аст.
Ва баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ бархоста, бар Исроил бисту ду сол доварӣ намуд.
Ва Ёир вафот ёфта, дар Қомӯн дафн карда шуд.
Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Эй онҳое ки бар харони сафед савор шуда мегардед, ва онҳое ки бар кӯрпачаҳо менишинед, ва онҳое ки дар роҳ равона мешавед, мадҳ гӯед!