2 Ва ӯ бар Исроил бисту се сол доварӣ намуд; ва ӯ вафот ёфта, дар Шомир дафн карда шуд.
Ва баъд аз Абималик Тӯлоъ ибни Фуоҳ ибни Дӯдӯ, марде аз сибти Иссокор бархост, то ки Исроилро наҷот диҳад; ва ӯ дар Шомир, дар кӯҳи Эфроим сукунат дошт.
Ва баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ бархоста, бар Исроил бисту ду сол доварӣ намуд.
Дар сурате ки Исроил дар Ҳешбӯн ва деҳоташ, ва дар Аръӯр ва деҳоташ, ва дар ҳамаи шаҳрҳои атрофи Арнӯн сесад сол боз сукунат дорад, чаро дар ни муддат онҳоро кашида нагирифтаед?