18 Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд».
Аз ашрофу аъёнаш, ки ба подшоҳӣ даъват намоянд, касе дар он ҷо нахоҳад буд; ва ҳамаи миронаш нест хоҳанд шуд.
Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»
Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.
Ва Йифтоҳи ҷилъодӣ баҳодури ҷасуре буд; ва ӯ писари зани зинокоре буд; ва Йифтоҳро Ҷилъод ба дуньё оварда буд.
Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.
Ва пас аз муддате чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Аммӯн ба Исроил ҷанг карданд.
Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.
Ва мардони Исроил мегуфтанд: «Оё ин мардро, ки мебарояд, дидед? Вай мебарояд, ки Исроилро таҳқир намояд. Ва агар ягон кас варо бикушад, подшоҳ ӯро бо сарвати бисьёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод, ва хонадони падари ӯро дар Исроил озод хоҳад кард».