17 Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.
Ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.
Ва аз Ҳешбӯн то Ромот‐Мисфо ва Батӯним, ва аз Маҳаноим то сарҳади Дабир;
Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд».
Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.
Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт.
Ва Йифтоҳ ба Мисфо ба хонаи худ омад, ва инак, духтараш ба пешвози ӯ бо дойра ва рақс берун омад; вай фарзанди ягонаи ӯ буд; ғайр аз вай ӯ писаре ё духтаре надошт.
Ва пас аз муддате чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Аммӯн ба Исроил ҷанг карданд.
Ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Биё ва саркардаи мо бош, то ки бо банӣ‐Аммӯн ҷанг кунем».
Ва Самуил гуфт: «Ҳамаи исроилиёнро дар Мисфо ҷамъ кунед, то ки дар бораи шумо назди Худованд дуо гӯям».