Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 10:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 10:16
27 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.


Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.


Ва ҳангоме ки Осо ин суханон ва нубуввати ибни Ӯдиди набиро шунид, қавидил гардид ва қабоҳатҳоро аз тамоми замини Яҳудо ва Биньёмин, ва аз шаҳрҳое ки аз кӯҳистони Эфроим гирифта буд, барҳам дод, ва қурбонгоҳи Худовандро, ки пеши равоқи Худованд буд, аз нав барқарор кард.


Ва худоёни бегона ва бутро аз хонаи Худованд дур кард, ва ҳамаи қурбонгоҳҳоеро, ки дар кӯҳи хонаи Худованд ва Ерусалим бино карда буд, бардошта, аз шаҳр берун партофт.


Ва қавми Ман, ки ба исми Ман номида шудаанд, гардан фуроварда, дуо гӯянд ва рӯи Маро ҷӯё шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, — он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод.


Бигзор мазлум бо хиҷолат барнагардад; мискин ва камбағал исми Туро мадҳ кунанд.


Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.


Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисьёр ёд мекунам; бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.


Онҳое ки зери сояи вай сокин буданд, баргашта, гандумзорро аз нав зинда хоҳанд кард, ва худашон мисли ток гул‐гул хоҳанд шукуфт, ва таърифашон мисли бӯи шароби Лубнон паҳн хоҳад шуд.


Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.


Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.


Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд


Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Биё ва бубин».


Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.


Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид, ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард, чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд, ва ҳеҷ кас — на ғуломе, на озоде — боқӣ намондааст.


Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;


Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.


«Ва алҳол худоёни бегонаро, ки дар миёни шумо ҳастанд, дур кунед ва дили худро ба Худованд Худои Исроил моил гардонед».


Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.


Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.


Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».


Ва банӣ‐Исроил Баалҳо ва Аштораҳоро дур сохта, танҳо Худовандро ибодат карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan