Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 10:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва банӣ‐Исроил ба Худованд гуфтанд: «Мо гуноҳкор шудаем; ҳар он чи дар назари ту писанд ояд, ба мо бикун, фақат имрӯз моро раҳоӣ деҳ».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 10:15
16 Iomraidhean Croise  

Далер бош, ва мо барои қавми худ ва барои шаҳрҳои Худои ҳуд далерона хоҳем ҷангид, ва Худованд он чиро, ки дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.


Ва агар чунин гӯяд: „Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ту нест“, — инак ман ҳозирам, бигзор он чи дар назараш писанд ояд, дар ҳаққи ман ба амал оварад».


Ва Довуд, баъд аз он ки қавмро саршуморӣ намуд, пушаймон шуд; ва Довуд ба Худованд гуфт: «Бо ин коре ки кардам, ман бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол, эй Худованд, аз гуноҳи бандаи Худ гузароӣ намо, зеро ки бағоят беақлона рафтор кардам».


Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».


Вай ба мардум рӯ оварда, хоҳад гуфт: „Гуноҳ кардам ва роҳи ростро каҷ кардам, ва сазои ман дода нашуд;


Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.


Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.


Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.


Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».


Ва алҳол мо дар дасти ту ҳастем; ҳар гунае ки дар назари ту дуруст ва одилона бошад, ки ба мо амал намоӣ, он гуна амал намо».


Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.


Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».


Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan